Медонем, ки зан модар аст, яъне ягона мавҷудест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад.

Эмомалӣ Раҳмон

Озмунҳои ҷумҳуриявӣ

 

АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

1. Соли 2022 озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор карда шавад.
2. Низомнома, ҳайати комиссия, ҷоизаҳо ва рӯйхати адабиёти тавсияшавандаи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3 ва 4).
3. Вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, кумитаҳои телевизион ва радио, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд доир гардидани озмуни мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.
4. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иҷрои талаботи амри мазкурро таъмин намуда, ғолибони озмун ва омӯзгорону падару модаронеро, ки шогирдону фарзандонашон дар даври ҷумҳуриявии озмун барандаи ҷоизаҳо шуданд, аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ ҳавасманд гардонанд.
5. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои соли 2022 пешбинӣ гардидаанд, ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ намудани чорабинии мазкур 3 045 000 (се миллиону чилу панҷ ҳазор) сомонӣ ба таври нақд ҷудо намояд.
6. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи мақсадноки маблағи ҷудошударо таъмин карда, оид ба хароҷоти анҷомдодашуда ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намояд.
7. Назорати иҷрои амри мазкур ба зиммаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (сарпарасти соҳа) гузошта шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
3 феврали соли 2022
№АП-156

 

Замимаи 1
ба амри Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 феврали соли 2022,
№АП-156

 

Низомномаи
озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 

 

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» (минбаъд – озмун) таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022 баргузор мешавад.

2. Озмун бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо, ходимони илм), калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар доир мегардад.

3. Озмун аз рӯйи панҷ номинатсия баргузор мешавад:

- адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ;

- адабиёти классикии тоҷик;

- адабиёти муосири тоҷик;

- адабиёти ҷаҳон;

- эҷоди назму наср.

4. Иштирокчиёни номинатсияҳо ба гурӯҳҳои зерин ҷудо карда мешаванд:

- хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 1-4);

- хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 5-11) ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 10-11);

- донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр) ва докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ;

- омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун.

 

2. САРПАРАСТ ВА МАСЪУЛОНИ ОЗМУН

5. Сарпарасти озмун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

6. Масъулони баргузории озмун вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон», Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мебошанд.

7. Кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар тарғиб, ҷалб ва ҷараёни баргузории озмун иштирок мекунанд. 

8. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор кардани даврҳои якум, дуюм ва сеюми озмун масъул буда, ғолибон ва омӯзгорони онҳоро аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ ҳавасманд мегардонанд. 

9. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, раёсату шуъбаҳои маориф, бахшҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, фарҳанг, ҷавонон ва варзиш масъули ташкил ва баргузории озмун мебошанд.

 

3. КОМИССИЯИ ОЗМУН

10. Барои гузаронидани озмун комиссияи озмуни ҷумҳуриявӣ (минбаъд-комиссия) таъсис дода шуда, ҳайати он бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

11. Салоҳияти комиссияи озмун:

- таҳияи ҷадвали баргузории озмун ва назорати он;

- тасдиқи тартиб, талабот ва тавзеҳот оид ба озмун;

- пешниҳоди ҳайати ҳакамон барои даврҳои сеюм ва чоруми озмун;

- якҷо бо ҳайати ҳакамон гузаронидани семинари машваратӣ;

- назорати риояи талабот ва пешниҳоди тавсияҳо ба довталабони озмун;

- омӯзиш ва тавсияи ҳуҷҷатҳои пешниҳодшудаи иштирокчиёни озмун ба даври ниҳоӣ;

- баррасии пешниҳодҳои ҳайати ҳакамон ва арзу шикояти иштирокчиён;

- тасдиқ ва эълони натиҷаи хулосаи ҳайати ҳакамони озмун;

-ҷамъбасти натиҷаи ниҳоӣ ва пешниҳоди он ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шиносоӣ ва маълумот.

 

4. ТАРТИБИ БАРГУЗОРИИ ОЗМУН

12. Озмун аз чор давр иборат буда, аз моҳи апрели соли 2022 то моҳи декабри соли 2022 ба таври зайл ташкил ва гузаронида мешавад:

- даври якум – моҳи апрел дар муассисаҳои таълимӣ ва ташкилоту муассисаҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот;

Эзоҳ: Донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр) ва докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ танҳо дар маҳалле иштирок карда метавонанд, ки муассисаи таълимӣ ва ё илмиашон дар ҳамон маҳал қарор дорад;

- даври дуюм – моҳи май дар маркази мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва ноҳияҳо (ба истиснои шаҳри Душанбе);

- даври сеюм – нимаи аввали моҳи октябр дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ;

- даври чоруми ҷумҳуриявӣ барои ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми даври сеюм нимаи якуми моҳи декабр дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

13. Протоколи ҳайати ҳакамон ба комиссияи ҷумҳуриявӣ ба даври чорум бо имзои раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, раисони вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва раисони ҳакамони даври сеюм пешниҳод мешавад.

14. Ҷойи баргузории даврҳои озмун дар деҳот, шаҳрак, маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ муайян карда мешавад.

15. Масъулияти баргузории даври якум, дуюм ва сеюм ба зиммаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ вогузор карда мешавад. Шумораи ғолибони даври сеюми озмун, ки ба даври чорум пешниҳод мешаванд, аз ҳар як номинатсия ва гурӯҳ набояд аз 5 нафар зиёд бошад.

16. Ҷараёни баргузории даврҳои якум, дуюм, сеюм ва чоруми озмун тавассути шабакаҳои телевизионӣ ва воситаҳои ахбори омма васеъ инъикос ва пахш карда мешавад.

17. Муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳои ғолибони даври сеюм барои иштирок дар даври чорум ба комиссияи озмун то 10 ноябр муқаррар карда мешавад. Масъулони баргузории озмун вазифадоранд, ки то 25 ноябр тамоми осори пешниҳоднамудаи иштирокчиёни номинатсияи назму насрро ба Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон барои муҳокима ва таҳияи тақриз пешниҳод намоянд. 

18. Миёни роҳбари муассисаи таълимӣ, омӯзгор ва довталаб (дар шахси падару модар ва ё сарпарасти ӯ) метавонад шартнома ҷиҳати омода намудани довталаб ба имзо расонида шавад. Намунаи шартномаро Вазорати маориф ва илм омода карда, ба раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо пешниҳод менамояд.

19. Вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Академияи миллии илмҳо, Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи телевизион ва радио масъули гузаронидани маросими тантанавии супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони озмун мебошанд.

 

5. ШАРТҲОИ ИШТИРОК ДАР ОЗМУН

20. Дар озмун аҳолии кишвар, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, миёна ва олии касбӣ (бакалавру магистрҳо), баъд аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, докторантҳо, ходимони илмӣ, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун иштирок карда метавонанд.

21. Шартҳои ташкил ва баргузории озмун аз ҷониби комиссияи озмун назорат карда мешавад.

22. Дар вақти баҳогузорӣ ва холгузорӣ ба маҳорати хондан ва аз худ кардан бартарӣ дода мешавад. Иштирокчии озмун ба ҳайати ҳакамон маҳорату малака, қобилияти хондан ва аз худ кардани осори адибонро пешниҳод менамояд.

23. Аз ҷониби ҳайати ҳакамони озмун ба иштирокчӣ барои аъзои фаъоли китобхона будан ва ба ҳунари нақлу оҳанги қироати ӯ низ хол дода мешавад.

24. Ба мавзӯъҳои Ватану ватандӯстӣ, ваҳдату якпорчагии Тоҷикистон, тавсифи ғояҳои Истиқлол, тараннуми дӯстию рафоқат, озодию осоиштагӣ, сулҳу субот, инъикоси саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат дар таҳкими давлатдории миллӣ, мавзуи об ҳамчун сарчашмаи ҳаёт, инсондӯстӣ, хайру саховат, накукорӣ, васфи ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон, Сада, Тиргон, ишқи поки инсонӣ, эҳсонкорӣ ва тасвири табиати зебои кишвар бартарӣ дода мешавад.

25. Пешниҳоди осори азбаршуда асосан бо забони тоҷикӣ сурат мегирад. Иштирокчии озмун дар интихоби забон ҳангоми хондан ва аз худ кардани осори шифоҳӣ ва адабиёти кӯдакон, осори  адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик ва адабиёти хориҷӣ (тарҷума ва ё асл) озод аст. Ба довталабоне, ки осори бадеии адибони ҷаҳонро бо забонҳои хориҷӣ (русӣ, англисӣ ва ғайра) пешниҳод менамоянд, бартарӣ дода мешавад.

26. Иштирокчии озмун метавонад аз намунаҳои эҷодиёти халқ, аз ҷумла афсона, қисса, рубоӣ, достон, чистон, тезгӯяк, латифа ва ғайра вобаста ба номинатсияи интихобкардааш истифода намояд.

27. Дар номинатсияи эҷоди назму наср хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна, олии касбӣ ва баъд аз дипломӣ, ходимони илмию адабӣ, доктор аз рӯйи ихтисос ва калонсолони ҳамаи табақаҳои иҷтимоӣ иштирок менамоянд.

28. Асарҳои ба озмун пешниҳоднамудаи ғолибони даври сеюми номинатсияи эҷоди назму наср, ки ба даври чорум пешниҳод шудаанд, барои муҳокимаю баррасӣ ба Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон фиристода мешаванд. Иттифоқи нависандагон то саршавии даври чорум хулосаи мутахассисонро ба комиссияи ҷумҳуриявӣ пешниҳод мекунад. Асарҳое, ки хулосаи Иттифоқи нависандагонро нагирифтаанд, ба даври чоруми озмун қабул карда намешаванд.

29. Ба номинатсияи эҷоди назму наср асарҳое пазируфта мешаванд, ки қаблан ба ягон озмуни дигар пешниҳод нашудаанд.

30. Дар даври чоруми озмун иштирокчӣ шарҳи ҳоли мухтасари худ, рӯйхати асарҳои хонда ва азбаркарда (нусхаи чопӣ ё дастнависи ашъори азёдкардашуда ва мазмуни мухтасари асарҳои мутолиакардаашро бо зикри муаллиф ва номи асар) бо гузоштани имзо ба комиссияи озмун ба таври ҳатмӣ пешниҳод менамояд (рӯйхати матнҳо ва асарҳои азбаршуда дар се нусха ба даври чорум пешниҳод карда мешавад). Агар иштирокчӣ хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар даврҳои якуму дуюм ва сеюм ба қайд гирифта шуда бошад ва дар даври чорум донишҷӯйи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ шуда бошад ҳамчун хонанда дар даври чорум иштирок мекунад.

31. Дар сурати ба талабот ҷавобгӯ набудани номгӯи асарҳо, мукаммал набудани матни шеъру достонҳо ва ё изофанависӣ намудани миқдори матнҳои азбаркардашуда, номгӯи асарҳо ва шеърҳо холи довталаб кам карда мешавад.

32. Ғолибони даври чоруми озмун, ки  созовори чойҳои якум, дуюм, сеюм ва барандаи Шоҳҷоиза гардиданд, то се сол дар озмунҳои солҳои минбаъда ҳуқуқи иштирок карданро надоранд.

33. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар назди раёсатҳои маориф комиссияи қабули ҳуҷҷатҳои иштирокчиёни озмунро таъсис дода, як нафарро котиби масъул таъин менамояд. Котибони масъули комиссияҳои қабул ҳуҷҷатҳои довталабонро дар асоси банди 30 санҷида, дар асоси санад онро ба комиссияи ҷумҳуриявӣ пешниҳод мекунад. Котиби масъули комиссия суроға, рӯз ва ҷойи баргузории озмунро ба иштирокчиён тавассути воситаҳои ахбори омма ва масъулон эълон менамояд.

 

6. ТАЛАБОТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ОЗМУН

34. Маҳорату истеъдоди иштирокчиёни озмун аз рӯйи хондани осори манзум ва мансури бадеӣ муайян карда мешавад:

- барои иштирокчиёни озмун хондани роман, повест, ҳикоя, новелла ва дигар жанрҳои адабӣ вобаста ба номинатсияи интихобкардааш иҷозат дода мешавад;

- иштирокчӣ дар хондани шеърҳо (ғазал, қасида, рубоӣ, дубайтӣ, порчаҳо аз достонҳо ва дигар жанрҳои лирикӣ) вобаста ба номинатсияи интихобкардааш озод аст;

- ба иштирокчӣ барои нақли афсона, латифа, қиссаю ривоят ва дигар навъҳои осори шифоҳии халқ вобаста ба номинатсияи интихобкардааш иҷозат дода мешавад;

 -довталаби номинатсияи назму наср асарҳои худро аз рӯйи навъҳои адабӣ, жанрҳо ва навъҳои анъанавӣ, нав, адабиёти кӯдак, насру драма пешниҳод менамояд.

35. Аз довталаби номинатсияи назму наср таълифи як достони мукаммал дар вазнҳои анъанавӣ,  20 ғазал дар вазнҳои анъанавии арӯз, 20 рӯбоӣ, 10 дубайтӣ, 3 мухаммас, 2 мусаддас, 4 қасида, 5 шеъри сафед, 10 суруди ватандӯстона, 2 тарҷеъбанд, 2 таркиббанд, 5 ҳикоя,  2 эссе, 1 повест, 1 драма талаб карда мешавад.

 

7. МЕЪЁРИ АРЗЁБИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУН

36. Ҳайати ҳакамони озмун ба дараҷаи маҳорат ва истеъдоди иштирокчиён аз рӯйи меъёрҳои зерин баҳо медиҳанд:

- барои таваҷҷуҳ ба мавзӯъҳои Ватану ватандӯстӣ, ваҳдату якпорчагии Тоҷикистон, тавсифи ғояҳои Истиқлолу озодӣ, инъикоси саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат дар таҳкими давлатдории миллӣ, мавзӯи об ҳамчун сарчашмаи ҳаёт, инсондӯстӣ, хайру саховат, накукорӣ, васфи ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон, Сада, ишқи поки инсонӣ, эҳсонкорӣ, дӯстию бародарӣ, сулҳу субот, бунёди роҳу нақбҳо ва иншооти бузурги аср, корнамоиҳои фарзандони фарзонаи миллат дар бунёдкорию ободонӣ;

- барои қобилияти нақл ва тарзи қироат, шарҳи мухтасари асар, маълумот оид ба қаҳрамонони асар, баёни лаҳзаҳои ҷолиби асар, қобилияти озодбаёнӣ ва санъати суханварӣ, ҳунари ровигӣ, қобилияти луғатдонӣ ва шарҳи маънои луғавии вожаҳо, дарки дурусти мазмун ва муҳтавои асар, таассурот аз хондани асар.

- тартиби баҳогузории асарҳои довталабони номинатсияи назму насрро Иттифоқи нависандагон муайян менамояд.

37. Ба ҳар як довталаб барои муаррифии китобҳои хондааш ва нақлу хондани шеърҳо вақти озод дода мешавад.

38. Бо мақсади баҳогузорӣ намудан ба истеъдоди довталабон ҷадвали 10-хола муқаррар карда мешавад. Барои аз ёд хондани осори манзум бо шарҳу эзоҳи калимаҳо 10 хол, барои ҷавоби аз хуб болотар 8 хол, барои ҷавоби хуб то 6 хол, барои ҷавоби аз миёна беҳтар 4 хол, барои ҷавоби миёна 3 хол, барои ҷавоби заиф 2 хол гузошта мешавад ва барои ҷавоби ғайриқаноатбахш хол гузошта намешавад. Барои шарҳи муфассалу баёни равшани осори насрӣ ва ҳунари баланди ровигӣ, инчунин тавзеҳи калимаҳо аз асарҳои мутолиашуда 10 хол, барои ҷавоби аз хуб болотар 8 хол, барои ҷавоби хуб то 6 хол, барои ҷавоби аз миёна беҳтар 4 хол, барои ҷавоби миёна 3 хол, барои ҷавоби заиф 2 хол гузошта мешавад ва барои ҷавоби ғайриқаноатбахш хол гузошта намешавад.

39. Ҳангоми баҳогузорӣ ба маҳорати довталаби эҷоди назму наср, тарзи интихоби мавзӯву мундариҷа, риояи рукнҳои вазни арӯз, қофияву радиф, корбарии санъатҳои бадеӣ, интихоби таъбиру ибораҳо, миқдори луғату таъбирҳои нав ва мутобиқати шакл, бандубасти асари бадеӣ ва ба мазмуни асар диққат дода мешавад.

40. Довталаби бахши назм бояд дар мавзуъҳои пешниҳодшуда бадеҳатан шеър гуфта тавонад. Байти аввал аз ҷониби ҳакамон пешниҳод мегардад ва идомаи онро дар ҳамон вазну қофия довталаб хаттӣ ё шифоҳӣ ҷавоб медиҳад. Дар озмун шахсоне метавонанд иштирок намоянд, ки аъзои Иттифоқи нависандагон набуда, шеърро хуб дарк менамоянд, завқи шоирӣ доранд, нозукиҳои шеърро аз бар кардаанд ва дар рӯзномаву маҷаллаҳои шаҳрӣ, ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ намунаи ашъорашон чоп шудааст. Довталаб замони иштирок дар озмун намунаҳои шеъри худро дар шакли чопӣ ва ё дастнавис пешниҳод менамояд. Қобилияти адиби насрнавис низ бо ҳамин тарз санҷида мешавад.

41. Асарҳои пешниҳодкардаи довталабони бахши назму насрро аъзои ҳакамон инфиродӣ мутолиа карда, баъдан дар асоси хулоса ва тақризи пешниҳодшуда мавриди баҳогузорӣ қарор медиҳанд.

 

8. ҲАЙАТИ ҲАКАМОН

42. Ҳайати ҳакамони озмуни Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳуриро раиси комиссияи ҷумҳуриявӣ бо санади дахлдор тасдиқ менамояд. Ҳайати ҳакамон амалҳои зеринро иҷро мекунад:

- тибқи пешниҳоди комиссияи озмун маҳорату истеъдоди иштирокчиёнро натиҷагирӣ мекунад;

- холҳоро муқаррар карда, бо овоздиҳии кушода ғолибро муайян менамояд;

- натиҷаи озмунро дар суратҷаласа дарҷ карда, бо имзои аъзои ҳакамон онро тасдиқ менамояд.

43. Ҳайати ҳакамони озмуни шаҳру ноҳияҳо ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот аз ҷониби раисони шаҳру ноҳияҳо тасдиқ карда мешавад.

44. Ба ҳайати ҳакамони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ, деҳоту шаҳрак намояндагони раёсат, шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, омӯзгорон, шоирону нависандагон, олимону рӯзноманигорон, роҳбарони китобхонаҳо, аъзои ҷамъияти китобдӯстон ва иттифоқҳои касаба ворид мешаванд. Шумораи ҳайати ҳакамон бо раису муовинонаш бояд тоқ бошад.

45. Хулосаи ҳайати ҳакамони даври чорум дар комиссияи озмун баррасӣ ва тасдиқ карда мешавад.

 

9. ТАЪМИНОТИ МОЛИЯВИИ ОЗМУН

46. Хароҷоти даврҳои якум, дуюм, сеюм ва хароҷоти вобаста ба сафарбаркунии ғолибон ва омӯзгорони онҳо ба даври чоруми озмун, будубоши онҳо дар маҳалли баргузории озмун аз ҳисоби буҷети мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва дигар сарчашмаҳои маблағгузории бо қонунгузорӣ манънагардида пардохт карда мешавад.

47. Ғолибони даври якум, дуюм, сеюми озмун ва омӯзгорони онҳо аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ (Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ) ва ташкилотҳо ба таври моддию маънавӣ ҳавасманд гардонида мешаванд.

48. Омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки шогирдони онҳо дар даври чоруми озмун сазовори ҷойи якум ва барандаи Шоҳҷоиза мегарданд, бо нишони ифтихории «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» ё «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонда мешаванд.

49. Омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки шогирдони худро аз даври якум то даври чоруми озмун омода менамоянд ва дар даври ниҳоӣ онҳо ҷойҳои якум, дуюм, сеюм ва Шоҳҷоизаро соҳиб мешаванд, аз ҳисоби фонди захиравии Президенти Ҷумуҳрии Тоҷикистон бо мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд.

50. Падару модароне, ки фарзандони онҳо дар даври чорум ҷойҳои якум, дуюм, сеюм ва дарёфти Шоҳҷоиза мегарданд, бо нишони «Маърифатпарвар» ё «Ифтихорнома»-и Китобхонаи миллӣ сарфароз гардонида мешаванд. Шакл, андоза ва тартиби супоридани нишонро Вазорати маориф ва илм таҳия ва тасдиқ менамояд.

51. Хароҷоти баргузории чорабинии даври чоруми озмун аз суратҳисоби махсуси Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илм пардохт карда мешавад.

52. Ба ғолибони даври чоруми озмун ва ба хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки дар даври чоруми озмун ҷойҳои якум, дуюм, сеюм, Шоҳҷоизаро сазовор шудаанд ва ба омӯзгорони онҳо тибқи тартиби муқарраргардида аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷоиза ва мукофоти пулӣ дода мешавад.

53. Рӯйхати ғолибони даври чоруми озмун ва омӯзгорони онҳо аз тарафи комиссияи озмун омода ва барои маълумот ва шиносоӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад.

54. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ тартиби додани мукофот ва ҷоизаро раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ тасдиқ ва амалӣ менамоянд.

55. Барои ҳавасмандгардонии ғолибони ҳамаи даврҳои озмун ва омӯзгорони онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалби сарпарастон иҷозат дода мешавад.

10. ТАРТИБИ ИШТИРОК ДАР ДАВРИ НИҲОИИ ОЗМУН

56. Барои иштирок дар даври чоруми озмун ба комиссия ҳуҷҷатҳои зерин ба таври ҳатмӣ пешниҳод карда мешаванд:

- маълумоти мухтасар дар бораи иштирокчӣ;

- рӯйхати асарҳои мутолиашуда;

- миқдори ашъори азёдшуда;

- нусхаи чопӣ ва ё дастнависи шеърҳои азёдкарда, мазмуни мухтасари асарҳои насрии мутолиакарда бо зикри муаллиф ва номи асар;

- протоколи ҳайати ҳакамони даври сеюми озмун.

57. Ҳуҷҷатҳои ғолибони даври сеюми озмунро ба даври чорум котиби масъули комиссияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба комиссияи ҷумҳуриявӣ пешниҳод менамояд.

 

11. ТАРТИБИ ДАРЁФТИ ШОҲҶОИЗА

58. Барои дарёфти Шоҳҷоиза довталабоне метавонанд иштирок намоянд, ки дар даври ҷумҳуриявӣ аз рӯйи номинатсияҳои пешниҳодшуда ҷойҳои якумро сазовор гардидаанд.

59. Шоҳҷоиза ба иштирокчие дода мешавад, ки аз чор номинатсия (адабиёти классикӣ, адабиёти муосир, адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, адабиёти ҷаҳон) беш аз 70 фоизи осори назмию насриро мутолиа ва ҳифз намудааст.

 

12. ИМТИЁЗҲО

60. Ғолибони даври чорум (ҷойҳои 1, 2, 3) ва барандаи Шоҳҷоиза, ки ба талаботи дахлдор ҷавобгӯ мебошанд, баъди хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёна ва олии касбӣ ба ихтисоси интихобкардаи худ, бе озмун, ба тариқи ройгон, ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва баъд аз муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар қабул карда мешаванд. Тартиби қабули ғолибони даври чоруми озмун ва барандаи Шоҳҷоизаро Вазорати маориф ва илм тибқи муқаррарот муайян менамояд.

61. Вазорати маориф ва илм протокол ва санадҳои ғолибони озмунро дар асоси таҳияи тартиби махсус барои 10 сол нигоҳдорӣ намуда, баъдан ба бойгонӣ месупорад.

 



Замимаи 2
ба амри Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 феврали соли 2022,
№АП-156

 

Ҳайати
комиссияи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»

 

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (сарпарасти соҳа), раиси комиссия;

Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси комиссия;

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, муовини раиси комиссия;

Директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси комиссия;

Муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, котиби комиссия.

 

Аъзои комиссия:

Мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа;

Муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон;

Сармуҳаррири маҷаллаи «Садои Шарқ»;

Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;

Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ;

Ректори Донишкадаи забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода;

Директори Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон;

Мудири кафедраи адабиёти навини тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;

Мудири кафедраи таърихи адабиёти классикии тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;

Мудири кафедраи адабиёти ҷаҳони Донишгоҳи славянии Тоҷикистон ва Россия. 

 

АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

1. Соли 2022 озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор карда шавад.
2. Низомнома, ҳайати комиссия, ҷоизаҳо ва рӯйхати адабиёти тавсияшавандаи озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3 ва 4).
3. Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, саноат ва технологияҳои нав, рушди иқтисод ва савдо, кишоварзӣ, кумитаҳои телевизион ва радио, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд доир гардидани озмуни мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.
4. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, роҳбарони муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ иҷрои талаботи амри мазкурро таъмин намуда, барои ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён, аспирантону докторантон ва дигар қишрҳои ҷомеа, ки ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, инчунин ихтироъкориву навоварӣ шавқу рағбат доранд, чораҷӯӣ карда, ғолибонро бо ҷоиза ва омӯзгорони онҳоро аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ ҳавасманд гардонанд.
5. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои соли 2022 пешбинӣ гардидаанд, ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ кардани чорабинии мазкур 2 345 000 (ду миллиону сесаду чилу панҷ ҳазор) сомонӣ ба таври нақд ҷудо намояд.
6. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи мақсадноки маблағи ҷудошударо таъмин карда, оид ба хароҷоти анҷомдода ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намояд.
7. Назорати иҷрои амри мазкур ба зиммаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (сарпарасти соҳа) гузошта шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
3 феврали соли 2022
№АП-155

 

АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

1. Соли 2022 озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» баргузор карда шавад.
2. Низомнома, ҳайати комиссия ва ҷоизаҳои озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2 ва 3).
3. Вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаҳои телевизион ва радио, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд доир гардидани озмуни мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.
4. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд, Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо иҷрои талаботи амри мазкурро таъмин ва ҷиҳати ҷалби бештари дӯстдорони санъату мусиқӣ чораҷӯӣ карда, ғолибони даврҳои якум, дуюм ва омӯзгорони онҳоро аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ ҳавасманд гардонанд.
5. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои соли 2022 пешбинӣ гардидаанд, ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ кардани чорабинии мазкур 2 540 000 (ду миллиону панҷсаду чил ҳазор) сомонӣ ба таври нақд ҷудо намояд.
6. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи мақсадноки маблағи ҷудошударо таъмин карда, ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи хароҷоти анҷомдодаро пешниҳод намояд.
7. Назорати иҷрои амри мазкур ба зиммаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (сарпарасти соҳа) гузошта шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
3 феврали соли 2022
№АП-154

 

 

Илова кунед