Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Дастоварди навбатӣ: Тахмина Абдуалиева “Мураббии соли Тоҷикистон - 2021” шуд

13 январи 2022, панҷшанбе
 
Чанд лаҳза пеш дар шаҳри Душанбе даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии “Мураббии соли Тоҷикистон - 2021” натиҷагирӣ карда шуд ва боиси ифтихор ва сарфарозст, ки дар он Тахмина Абдуалиева – мураббияи муассисаи томактабии №23-и шаҳри Хуҷанд аз миёни 5 довталаб ғолиби мутлақи озмун ва соҳиби Шоҳҷоиза гардид.
Бояд қайд намуд, ки ҳамасола Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола дар такя ба Низомномаи «Озмуни мураббии соли Тоҷикистон» даври ниҳоии озмуни мазкурро доир менамояд. Дар озмуни имсола низ 5 довталаб аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳур ва шаҳри Душанбе ширкат варзида, маҳорату малакаи корбарӣ ва дониши педагогии худро нишон медиҳанд.
Озмуни имсола дар доираи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо ҷамъбаст гардида, беҳтарин довталабон ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд.
Дар даври ниҳоӣ Гулру Гулбекова-мураббияи Маркази инкишофи барвақтии кӯдаки Хазинаи Оғохони шаҳри Хоруғ, Мунира Ризоева-мураббияи муассисаи томактабии №24-и шаҳри Бохтар, Тахмина Абдуалиева – мураббияи муассисаи томактабии №23-и шаҳри Хуҷанд, Фирӯза Ғаниева-мураббияи муассисаи томактабии №64-и шаҳри Душанбе, Маҳбуба Пулодова-мураббияи муассисаи томактабии №1-и шаҳри Турсунзода иштирок намуда, тибқи шартҳои пешбининамудаи Низомномаи озмун ҳунару маҳорати худро нишон доданд.
Таъкид шуд, ки мақсади асосии озмун, пеш аз ҳама, баланд бардоштани мақоми таҳсилоти томактабӣ дар шароити имрӯза ва нишон додани афзалияти таҳсилоти томактабӣ дар пешрафти ҷомеа, таъмин ва такмили мазмуни тахсилоти томактабӣ тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ”, ҳамзамон, дарёфт ва ошкор сохтани мураббиёни боистеъдод, навовар ва эҷодкор, дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии онҳо, ташаккули қобилияти мураббиён ва фаъолияти эҷодӣ дар шароити муосир, такмили донишу маҳорати касбӣ ва паҳн кардани таҷрибаи пешқадами педагогӣ, қадрдонии меҳнати пурсамари мураббӣ ва баланд бардоштани мақому манзалати ӯ дар ҷомеа мебошад.
Ҳамин тавр бо гирифтани мақоми аввал Тахмина Абдуалиева – мураббияи муассисаи томактабии №23-и шаҳри Хуҷанд аз ҷониби Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи иттифоқи касабаи кормнадони соҳаи маориф Ҷом, маблағҳои пулӣ, нишони “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва роҳхат ба истироҳатгоҳ тақдим карда шуд.

Поделиться в