Медонем, ки зан модар аст, яъне ягона мавҷудест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҳаёт бе зӯроварӣ

17 декабри 2021, ҷумъа

Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон атрофи масъалаҳои васеъ намудани имкониятҳои духтарон ҷиҳати дастрасӣ ба таҳсилоти касбие, ки талабот ба онҳо зиёд аст, омода намудани ҷавонон дар рушди пешрафти кишвар, оиладорӣ, пешгирии зуҳуротҳои ташвишовару номатлуби ҷинояткорӣ, гардиши маводи мухаддир ва бемориҳои сироятӣ мулоқот баргузор гардида, инчунин таҳти унвони "Ҳаёт бе зӯроварӣ" аксия бо иштироки 400 нафар гузаронида шуд.

Поделиться в