Медонем, ки зан модар аст, яъне ягона мавҷудест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҷалби бештари занону духтарон ба таҳсилот

19 ноябри 2021, ҷумъа

Шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт бо мақсади ҷалби бештари занону духтарон ба зинаи сеюми таҳсилот бо иштироки намояндагони Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ВКД-и ноҳия бо хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимии ноҳия суҳбату вохӯриҳои судманд баргузор намуд.

Поделиться в