Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҷалби ҷавонон ба таҳсил

19 апрели 2021, душанбе


         Бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор дар байни хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ оид ба ҷалб намудани ҷавонон аз ҷумла, духтарон ба зинаи сеюми таҳсил суҳбату вохӯрӣ баргузор намуда, бо волидони хатмкунандагон ҷиҳати мусоидат ба идомаи таҳсили фарзандон суҳбатҳои инфиродӣ бо усули “хона ба хона” анҷом дод.

 

Поделиться в