Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Муқовимат ба зӯроварӣ

09 апрели 2021, ҷумъа


           Дар ҳамкорӣ бо Лоиҳаи пешгирии зӯроварии хонаводагӣ PDV 8-уми апрели соли равон Конференсияи ҷумҳуриявӣ бо унвони “Муқовимат ба зӯроварӣ дар оила-муваффақиятҳо, талошҳо, мушкилотҳо ва мутасилии талошҳо”  бо иштироки намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазорату идораҳои дахлдор,  ташкилотҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, инчунин коршиносони соҳа баргузор гардид.
         Дар конференсия иштирокчиён вобаста ба пешравиҳо, мушкилиҳо ва фаъолияти минбаъда дар яқҷоягӣ мубодилаи афкор ва пешниҳодҳо манзур намуданд.

Поделиться в