Медонем, ки зан модар аст, яъне ягона мавҷудест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад.

Эмомалӣ Раҳмон

Аёдати панҷгоникҳо

04 январи 2021, душанбе

        Бо мақсади шиносоӣ бо вазъи саломатии панҷгоникҳо ва модарашон Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон аз Муассисаи давлатии “Пажуишгоҳи илмию тадқиқотии акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон” дидан намуда, бо модари панҷгоникон Дилноза Мамадова суҳбати самимӣ орост.

Поделиться в