Медонем, ки зан модар аст, яъне ягона мавҷудест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад.

Эмомалӣ Раҳмон

Ба пешвози ҷашни Меҳргон

17 октябри 2020, шанбе

Бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  ноҳияи Лахш барои қадрдонӣ намудани занони деҳот ҷиҳати саҳми арзанда гузоштан дар рушди соҳаи кишоварзӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ чорабинии идона ташкил намуда, ҳунармандонро бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуд.
         Ҳамзамон,  намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунари дастии бонувон ба маърази тамошо гузошта шуда, ҷашни иди Меҳргонро бо дастовезҳои арзанда пешвоз мегиранд. 

Поделиться в