Медонем, ки зан модар аст, яъне ягона мавҷудест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад.

Эмомалӣ Раҳмон

"Зан ва сиёсат"

30 сентябри 2020, чоршанбе

Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 9 июни соли 2017 “Дар бораи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунадаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022” Раёсати кор бо занон ва оила дар Муассисаи давлатии “Душанбе-Плаза” бахшида ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар-машваратро таҳти унвони “Зан ва сиёсат” бо ҷалби васеи фаъолзанони ҳизбҳои сиёсии шаҳри Душанбе доир намуд.

Поделиться в