Медонем, ки зан модар аст, яъне ягона мавҷудест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад.

Эмомалӣ Раҳмон

Пешгирии covid-19 дар байни аҳолӣ

24 сентябри 2020, панҷшанбе

Гурӯҳи кории Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шоми 23-юми сентиябри соли ҷорӣ тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумита вобаста ба тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус COVID-19 дар назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ, иттилоотӣ гузаронида, ба донишҷӯён ва шаҳрвандон маводҳои иттилоотӣ дар шакли буклет таҳти унвони  “COVID-19 ва осебпазирии занон” ва ниқобҳои муҳофизатӣ тақсим намуд.

Поделиться в