Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Худ ва дигаронро ҳифз намоед

08 сентябри 2020, сешанбе


Семинари омӯзишӣ дар Муассисаи давлатии Маркази таълмии “Чароғи ҳидоят”-и назди Кумита бо иштироки кормандони Маркази саломатии шаҳрии рақами 1 бо мақсади паҳншавӣ аз пешгирии мавҷи дуюми бемории сироятии коронавирус COVID-19 баргузор гардид.

 Дар рафти семинар Зарнигори Сорбон оид ба пешгирии падидаҳои номатлуб дар ҷомеа, раванди таҳсил ва одоби муоширату маданият, рафтору гуфтори духтарон, пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, тарбияи ҷавондухтарон дар рӯҳияи хештаншиносӣ, ватандӯстию ватанпарастӣ, созандагию бунёдкорӣ сухан намуд.

 

Поделиться в