Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Шанбегиҳо дар Чароғи ҳидоят

07 сентябри 2020, душанбе


Муассисаи давлатии Маркази таълимии “Чароғи ҳидоят”-и назди Кумита тибқи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шанбегӣ ташкил намуд. Дар ҳашари умумӣ донишҷӯдухтарон фаъолона иштирок дошта, ба корҳои ободонию бунёдкорӣ, тозаву зебо намудани дохил ва беруни Марказ, шинондани гулҳо машғул шуданд. Ин гуна шанбегиҳо то ҷашнҳои дарпешистода идома хоҳанд ёфт.

 

Поделиться в