Ба падару модарони азиз муроҷиат карда, аз онҳо хоҳиш менамоям, ки ба таълиму тарбияи фарзандон аҳаммияти аввалиндараҷа диҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Ташвиқот дар вилояти Хатлон

13 июли 2020, душанбе

Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон баҳри пешгирии аҳолӣ аз марҳилаи дуюми бемории сироятии коронавирус - COVID-19 дар якҷоягӣ бо шуъбаву бахшҳои кор бо занон ва оилаи 25 шаҳру ноҳияҳои вилоят аз рӯи усули фардии “Хона ба хона” корҳои фаҳмондадиҳӣ, суҳбатҳои сарироҳӣ оид ба масьалаҳои истифодаи дурусту самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, захираи маҳсулотҳои хӯрокворӣ, беназорат нагузоштани фарзандону наберагони ноболиғ дар давраи таьтили тобистона, ташкили шароити оббозии кӯдакон дар хона ва эмин аз ғарқшавӣ, риояи гигиенаи шахсӣ ва дигар мавзӯи мубрами рӯз анҷом дода истодаанд.

Поделиться в