Ба падару модарони азиз муроҷиат карда, аз онҳо хоҳиш менамоям, ки ба таълиму тарбияи фарзандон аҳаммияти аввалиндараҷа диҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҷаласаи ҳайати мушовараи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

11 январи 2025, шанбе
Ҷаласаи ҳайати мушовараи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Кумита Файзиддинзода Бунафша оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Кумита дар соли 2024 бо иштироки сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зулфия доир гардид.
Муовини Раиси Кумита Абдулмаинзода Заррина ҳисоботи фаъолияти Кумитаро дар соли 2024 ба самъи ҳозирин расонида, сардорони раёсат, мудирони шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ноҳияҳои минтақаи Рашт иштирок намуда, вобаста ба татбиқи сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Роҳбари давлат, амалишавии барномаҳои давлатии самти кор бо занон ва оила дар сатҳи маҳал хисобот доданд.
Пас аз таҳлили фаъолияти сохторҳо Раиси Кумита ва сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати боз ҳам ҷоннок намудани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ва фаҳмондадихӣ бо мақсади пешгирии никоҳҳои бармаҳал ва хешутаборӣ, бекоршавии ақди никоҳ, худкушию худсузӣ, ҷиноятсодиркунӣ миёни занон, пешгирии аз таҳсил дур мондани духтарон, хурофотпарастӣ ва бегонапарастӣ ба масьулин дастуру супоришхои мушаххас дода, аз иштирокдорон ҷиҳати тақвияти фаъолияти муштарак бо сохторҳои дахлдори давлатӣ дар маҳал даъват ба амал оварданд.
Дар фарҷоми ҷаласа барои фаъолияти хуби меҳнатӣ як қатор мудирони шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оила бо Сипосномаи Кумита қадрдонӣ гардиданд.
 

Поделиться в