Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем.

Эмомалӣ Раҳмон

Вохӯриҳои судманд

05 октябри 2022, чоршанбе

Тибқи нақшаи кории Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 4-уми октябри соли ҷорӣ муовини раиси Кумита Абдуллозода Умеда Бегмурод бо занону бонувони фаъоли ноҳияи Фархор ҷиҳати пешгирии омилҳои ба терроризму экстремизмбаранда, шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, тақлид ба фарҳанги бегона, ҷинояткорӣ дар байни аҳолӣ, сироятёбӣ аз бемории ВНМО ва ҳамзамон ҷиҳати баланд бардоштани фарҳанги оиладорӣ, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ва оид ба масъалаҳои ҷалби ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбату вохӯриҳо баргузор намуданд.

Поделиться в